Боздошти тренери сохта дар Душанбе

Пулиси Душанбе хабар медиҳад, ки ҷавонеро боздошт кардааст, ки худро ба шаҳрвандон ҳамчун мураббии футбол ва намояндаҳои дастаҳои мухталиф муаррифӣ намуда, барои иштирок дар курсҳои омӯзиши футбол аз онҳо маблағ ҷамъ меовардааст.

 Мақомот  рӯзи 6-уми январ номи боздоштшударо Олимҷон Сулаймонов зикр намуда, изҳор дошта, ки ӯ сокини 24-солаи шаҳри Душанбе мебошад. Мавқеи вай дар бораи ин масъала маълум нест.  

Пулиси пойтахт баён кардааст, ки Сулаймонов дар асоси шикояти сокинон ба қайд гирифта шуда ва бар зидди ӯ бо итиҳоми қаллобӣ (моддаи 247 КҶ) парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Ба гуфтаи ин мақом, айни ҳол 12 ҳолати қаллобии гумонбар мушаххас гардидааст. Мувофиқи ин айбнома, ба вай аз ҷазои ҷаримавӣ ва ё то 2 сол маҳрумияти озодӣ таҳдид менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *