Боздошти як ҷавон дар Душанбе бо гумони дуздӣ
Пуслиси Душанбе Ҳамидов Обид сокикини 30-солаи Душанберо бо гумони дуздӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт кардааст.
Манбаъ навиштааст, ки “номбурда, шабона вориди мағозаи хуроквории “Пойтахт Премиум”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо маҳсулоти гуногуни хуроквориро дуздидааст. Дар натиҷа, бо ин кирдори ҷиноятии худ ба соҳибмулк зиёда аз 113-ҳазор сомонӣ зарари молӣ расонидааст”.
Нисабти гумонбаршаванда тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти боз шуда номбурда дар ҳабси пешаки қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ