Боздошти зане, ки 11 сол дар ҷустуҷӯ қарор дошт

Мақомоти милитсияи Душанбе Дилрабохон Пирназарова, ки 11 сол боз бо гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт кардааст. Ӯ  57-сола аст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда сокини ноҳияи Темурмалик буда, аз соли 2014 инҷониб бо гумони даст доштан дар қаллобӣ бар асоси қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

Мақомот мегӯяд, ки тафтиши парванда идома дошта, ҳоло ӯ дар ҳабси пешкӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *