Боздошти зане, ки 11 сол дар ҷустуҷӯ қарор дошт
Мақомоти милитсияи Душанбе Дилрабохон Пирназарова, ки 11 сол боз бо гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт кардааст. Ӯ 57-сола аст.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда сокини ноҳияи Темурмалик буда, аз соли 2014 инҷониб бо гумони даст доштан дар қаллобӣ бар асоси қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Мақомот мегӯяд, ки тафтиши парванда идома дошта, ҳоло ӯ дар ҳабси пешкӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ