Бозиҳои дуюм дар Балии Индонезия баргузор мешавад

Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) ва Кумитаи олимпии Индонезия эълон карданд, ки Балӣ Бозиҳои дуюми соҳилии ҷаҳонро аз 5 то 12-уми августи соли 2023 мизбонӣ хоҳад кард.

Пас аз Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, аз 13 то 15-уми августи соли 2023 дар ҷазираи Индонезия, ҳамчунин Ассамблеяи XXVII-уми генералии ANOC доир мегардад.

Пас аз бомуваффақият доир кардани аввалин нашри бозиҳо соли 2019 дар Доҳаи Қатар, Бозиҳои соҳилии ҷаҳон бори дигар имкони пайваст шуданро тавассути намудҳои нави варзиш, ситораҳои нав ва насли нави дўстдорони варзиш фароҳам меорад.

Дар Доҳа-2019 беш аз 1200 варзишгар аз 97 кумитаи миллии олимпӣ рақобат карданд ва ширкати мушобеҳи варзишгарон ва кумитаҳои олимпӣ соли оянда дар Балӣ дар назар аст.

Бозиҳо ҷашни варзишҳои соҳилӣ ва обӣ буда, даҳ намуди варзиши барномаи асосӣ — акватлон, ҳендболи соҳилӣ, футболи соҳилӣ, тенниси соҳилӣ, волейболи соҳилӣ 4×4, тўббозӣ дар оби соҳилӣ, гўштини соҳилӣ, катаи инфиродӣ, инчунин 2 намуди варзиши аз ҷониби Кумитаи тадорукоти бозиҳо пешниҳодшуда — кейтбординг ва шиноварии кушод ба масофаи 5 км-ро дар бар мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *