Бозиҳои якуми даври нимниҳоии Суперлига баргузор шуданд

Ҷуфтҳои даври нимниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 муайян шуданд. Дар бозиҳои даври нимниҳоӣ «Соро компания» бо «Сипар» ва «Истиқлол» бо «Истаравшан» бозӣ мекунанд.

Ин мавсим дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон 8 даста ширкат карданд. Инҳо дастаҳои «Соро компания», «Истиқлол», «Пойтахт», КМВА (ҳама аз Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Кўлоб) ва «Самандар» (Турсунзода) ҳастанд.

Бозиҳои якуми даври нимниҳоӣ баргузор шуданд. Дар бозии якум «Сипар» аз дастаи «Соро компания» бо ҳисоби 2:5 шикаст хўрд. Дар бозии дигар «Истиқлол» ба дарвозаи «Истаравшан» 11 гол зад. Истаравшаниҳо бо 2 гол ҷавоб гардонданд. Бозиҳои ҷавобӣ рўзҳои наздик баргузор мешаванд. Бар асоси низомномаи Суперлигаи Тоҷикистон-2022 бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ аз силсилаи то ду пирўзии яке аз дастаҳо иборат аст. Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *