Бозии дӯстона. Тоҷикон ғолиб меоянд ё русҳо?

Имрӯз соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи Тоҷикистону Русия баргузор мегардад. Ин бозӣ таърихӣ хоҳад буд. Аз ин руст, ки мухлисону ҳаводорони футбол бозиро бесаброна интизоранд.

Пеш аз доир гардидани ин бозӣ шоми гузашта дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон нишасти матбуотии тимҳои миллии Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин нишаст сармураббиёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русия иштирок доштанд.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар бораи бозӣ бо мунтахаби Русия гуфт: “Рақобат бо тими Русия осон нахоҳад буд. Ин тим яке аз мунтахабҳои пурқудрат аст, вале мо кӯшиш мекунем, ки зидди ин даста муқобилияти арзанда нишон диҳем. Ҳама чиз фардо маълум хоҳад шуд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *