Бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср”, дар шаҳри Ҳисор

Шоми  26-уми ноябр дастаи  “Истиқлол”-и Душанбе дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бозӣ анҷом хоҳанд дод.

Вохӯрӣ ин дастаҳо дар  Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:45 оғоз мегардад.

Дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Наср” пеш аз ин, 5-уми декабри соли 2023 дар Душанбе бозӣ карда буданд. Бозии дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба анҷом расида буд. Инчунин  “Истиқлол” 2 бозӣ дар муқобили “Ал-Наср” доир кардааст, ки моҳи октябри соли 2023 “Истиқлол” бо ҳисоби 3 бар 1 ва сентябри соли 2025 бо ҳисоби 5 бар 0 аз “Ал-Наср” шикас хӯрда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *