Бузургдошти ҳунарманд Улфатшоев дар Дарвоз

Хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба номи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев гузошта шуд. Маросими ифтитоҳи он бо ширкати пайвандони ҳунарманд, аҳли фарҳанг ва кормандони МИҲД-и ноҳияи Дарвоз баргузор шуд.

Аҳмадшоҳ Улфатшоев — яке аз ҳунармандони маҳбуби театру синамои тоҷик 30-юми сентябри соли 1945 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1954) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1980) аст.

Баъди хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1964-1967) ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидзеобод (1961-1971) фаъолият карда, аз соли 1975 то охири умр дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият дошт.

Дар саҳна бо маҳорати хоси ҳунарпешагӣ нақшҳои Дохунда («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Баҳроми Чӯбина («Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов), Сомонхудот («Сомонхудот»-и С. Айюбӣ), шоҳ Парвиз («Борбад»-и Ҷ. Қуддус), амир Абдулаҳад («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), шоҳ Егей («Медея»-и Софокл) ва ғайраро офаридааст. Дар кино ҳам даҳҳо нақши мондагор офаридааст.

Ҳунарманди маҳбуб 9-уми октябри соли 2020 дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ даргузашт.

Ф. БОБОЕВА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.