Чӣ гуна бояд ба Амрико рафт? Барои он кадом ҳуҷҷатҳо заруранд

Сафорати ИМА дар Душанбе эълон кард, ки аз 4 октябри соли 2022 ба судури раводиди муҳоҷирати ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон шурӯъ мекунад.

Ҳоло бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суол мекунанд, ки оё шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои дарёфти раводид ва барои кор ба Амрико раванд ва чӣ гуна раводиди муҳоҷирати амрикоиро дарёфт кардани имконпазир аст?

 Ба суолҳо мо Тодд Ҳюз, мудири бахши консулгарии сафорати Амрико дар Тоҷикистон посух мегуяд:

-Пеш аз ҳама, ташаккури зиёд барои маро даъват намудан ба суҳбат. Ариза барои раводиди муҳоҷират, пеш аз ҳама, аз ҷониби аъзои оилаи шаҳрвандони ИМА ва сокинони қонунии доимӣ ва дуюм, аз ҷониби ғолибони лотереяи Green Card 2023 пешниҳод карда мешаванд. Пас, агар шумо аъзои оилае дошта бошед, ки шаҳрванди ИМА ё сокини қонунии доимии ИМА бошад, шумо метавонед ба мо муроҷиат кунед.

 Ғолибони лотереяи Green Card низ метавонанд муроҷиат намоянд. Ариза бояд ба Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида (USCIS) пешниҳод карда шавад. Пас аз тасдиқи ариза, аъзои оилае, ки дар ариза фамилияву номаш омадааст, метавонад мусоҳибаро дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон таъин кунад. Дар бораи лотереяи Green Card ба ман бисёр вақт саволҳо медиҳанд. Эҳтимол шумо медонед, ки лотереяи Green Card як лотереяест, ки ҳарсолаи иҷозати иқомат дар ИМА аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА гузаронида мешавад.

 Иштирокчиёни лотерея ҳар сол дар моҳи май метавонанд бифаҳманд, ки онҳо ғолиб шудаанд ё не. Маълумоти пурраро дар бораи «Корти сабз» метавон аз вебсайти расмии Департаменти давлатии ИМА — travel.stat.gov дастрас кард.

Радиои Озодӣ:— Нафаре мехоҳад  ба Амрико муҳоҷират кунанд,  ки қаблан барандаи лотереяи Грин Кард  гардида, барои мусоҳиба ба Алмаато рафтааст, ки консулгарии генералии ИМА дар он ҷо воқеъ аст. Кунун дар сафорати ИМА дар Душанбе бо онҳо мусоҳиба кардан мумкин аст?

 Тодд Ҳюз:- Бале, ин дуруст аст. Аммо танҳо аз 4 октябри соли 2022, яъне. аз ин сана зарурати сафар барои раводиди муҳоҷирати ИМА ба Алмаато нест, шумо метавонед ба сафорати ИМА дар Душанбе муроҷиат кунед ва мусоҳиба кунед.

 Пурсиш: -Сабаби оғози додани раводиди муҳоҷирати Амрико барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон мустақиман дар шаҳри Душанбе чист?

Посух: -Имсол ИМА ва Тоҷикистон 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатиро таҷлил мекунанд. Тавре Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм қайд кард, “Бо тағир додани тартиби раводид мо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои дарёфти раводиди муҳоҷират мувофиқанд, дарёфти раводиди муҳоҷиратро осон кардем. Ин рӯйдоди мусбат боз як марҳалаи таърихӣ дар 30 соли муносибатҳои фаъол, мусбат ва дӯстонаи байни кишварҳои мост”.

 Сафорати ИМА дар Душанбе ба пешниҳоди хидматҳои консулӣ дар соли 2006 шурӯъ карда ва даҳҳо ҳазор дархостро баррасӣ кардааст. Мо аз куҷо сар кардем? Аз додани раводидҳои ғайримуҳоҷирӣ, аз ҷумла раводид барои сайёҳӣ, таҳсил, кор дар Иёлоти Муттаҳида ба таври муваққатӣ. Тавре худатон гуфтед, дар Консулгарии генералии ИМА дар Алмаато раводиди муҳоҷирати ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон дода шуд.

 Ба далели он, ки имсол ба 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни кишварҳоямон таҷлил мешавад ва бо назардошти ҳамкориҳои судманд мо тасмим гирифтем, ки хадамоти муҳоҷиратро дар худи Душанбе ба роҳ монем. Ин ташаббус шахсан барои ман хеле ҳаяҷоновар аст. Гап дар сари он, ки соли 2004 вақте ки ман бори аввал ба Тоҷикистон барои кор омадам, ягон хидмат расонида нашуд. Ҳоло, бо гузашти тақрибан 20 сол метавонам бигӯям, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафорати ИМА дар Душанбе ба ҳама намуди хизматрасониҳои консулӣ дастрасӣ доранд.

Пурсиш:— Дар намояндагии дипломатии Амрико дар Душанбе шаҳрвандони кадом кишварҳои дигар метавонанд раводиди муҳоҷиратӣ гиранд?

Посух:-Мусоҳибаи раводиди муҳоҷират ва корти сабз барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон боз аст.

 Прусиш: -Гуфтед, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафорати Амрико дар Душанбе ба ҳама намуди хадамоти консулгарӣ дастрасӣ доранд. Мехоҳам тавзеҳ диҳед: тоҷикон дар намояндагии дипломатии Амрико чӣ гуна раводид гирифта метавонанд?

Посух:— Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд раводиди муҳоҷират ва раводиди ғайримуҳоҷиратӣ гиранд: охирин раводид барои сайёҳӣ ва сафар, кори муваққатӣ ва тиҷорат ва барномаҳои таҳсил ва табодулиро дар бар мегирад.

Пурсиш:— Оё барномаҳое вуҷуд доранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муддати муайян ба Амрико сафар карда, ба ватанашон баргарданд. Ба ҷуз Green Card, албатта.

Посух: -Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо дарёфти раводиди ғайримуҳоҷиратӣ — раводид барои гардишгарӣ ва боздид, кори муваққатӣ ва тиҷорат ва барои таҳсил ва барномаҳои табодул ба Амрико сафар кунанд. Кор дар ИМА ба таври муваққатӣ намуди муайяни раводидро талаб мекунад. Барои аксари раводидҳои кории муваққатӣ, корфармоён бояд дархост пешниҳод кунанд, ки пеш аз он ки довталаб барои гирифтани раводид ба сафорати ИМА дар Душанбе муроҷиат намояд, онро USCIS тасдиқ кунад.

 Пурсиш: -Метавонед дар бораи раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба ИМА маълумот диҳед? Агар имконпазир бошад, лутфан бигӯед: ҳар сол чанд шаҳрванди Тоҷикистон вориди ИМА мешаванд?

Посух:— Саволҳои хуб, аммо мутаассифона ман ба онҳо ҷавоб надорам.

 Пусиш: -Саволи аввал чӣ мешавад?

Посух:— Дар мавриди худи раванди муҳоҷират… Шаҳрванди ИМА ё сокини қонунии доимии ИМА бояд аз номи шаҳрванди Тоҷикистон ба USCIS ариза пешниҳод кунад. Пас аз тасдиқи ариза, шаҳрванди Тоҷикистон метавонад барои мусоҳиба дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон таъинот таъин кунад. Беҳтарин манбаи маълумот дар бораи раводидҳои ИМА вебсайти расмии Департаменти давлатии ИМА — travel.stat.gov мебошад.

 Пурсиш: -Шумо ҳоло имкон доред, ки ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат кунед, ки…

Посух: -Ташаккур ба шумо барои имконият. Тавре зикр кардам, бори аввал соли 2004 ба Тоҷикистон омада будам. Ман , баъдтар оиладор шудам. Бори дуюм бо ҳамсарам барои кор ба сафорати ИМА дар Душанбе омадам. То анҷоми ин давраи хизмаи дуйуми ман якуним сол мондааст. Ман аз он нороҳатам, ки бояд ин кишварро тарк кунам…

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.