Чаро қарзи “Орзуҳои солинавӣ” аз Амонатбонк як моҳ давом кард?

Раиси Амонатбонк Алиҷон Салимзода сабаби пеш аз муҳлат қатъ шудани иқдоми қарз таҳти унвони “Орзуҳои солинавӣ”-ро шаҳр дод.

Ӯ 7 феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки  моҳи декабри соли 2024 аз ҷониби Амонатбонк иқдоми пешниҳоди қарз таҳти унвони “Орзуҳои солинавӣ” бо 16% -и солона  роҳандозӣ гардида буд. Ва бояд ин иқдоми бонк то охири моҳи январи соли 2025 идома мекард. Аммо  дар охири моҳи декабри соли 2024 пешниҳоди қарз ба мизоҷон манъ шуд. Яъне, ташаббуси бонк ҳамагӣ як моҳ идома ёфт.

“Воқеан ҳам, иқдоми “Орзуҳои солинавӣ” 1 моҳ давом кард.  Ба 10 ҳазор мизоҷ 100 миллион сомонӣ қарз пешниҳод кардем. Мардум 25 ҳазор сомонӣ бе гарав ва 50 ҳазор сомонӣ бо зомин қарз гирифтанд. Яъне, нақшаи додани қарз аз ин иқдом пеш аз муҳлат анҷом ёфт”,-гуфт раиси бонк Алиҷон Салимзода.

Ҳамчунин, дар нишасти матбутӣ раиси Амонатбонк иттилоъ дод, ки соли гузашта 144 нафар барои хариди манзил 42 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ  гирифтанд.

«Фоизи қарз дар Амонатбонк нистабан паст аст. Бинобар ин, мардум барои гирифтани қарз ба Амонатбонк  зиёд муроҷиат менамоянд»,-таъкид дошт Алиҷон Салимзода, раиси Амонатбонк.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *