Чаро тоҷикон парокандаанд?

Мардуми порсизабон дар чанд кишвар ҷудо-ҷудо зиндагӣ мекунанд.

 Сохтҳои давлатдорӣ дигар, мазҳаб дигар. Назму насри классик аз афсонаҳои “Ҳазору як шаб” то “Абӯмуслимнома”, аз ашъори Рӯдакӣ то “Шоҳнома”-ву “Хамса”-ҳою ғазалиёти Ҳофиз он қадар адабиёти ғании ҳазорсола доранд, ки бояд ин миллати ҳамзабонро чун оҳанбетон ба ҳам мунсаҷим мекард. Ба ғайри ин, мероси Шашмақомро намегӯед? Рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион, интернет… Ҳама имконияти дастёбӣ ба маънавият ҳастанд. Аммо ҳеҷ не ки ин миллат барои иттиҳоди қавитаре кӯшиш кунад.

Домани куҳ гирифтему думи хари хеш… Шикваҳои пурфарёди Лоиқ ҳама аз парокандагии миллатанд.

Ҳанӯз Фирдавсӣ огоҳ карда буд:

Парокарда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Мардуми оддӣ он тараф истад, ҳамин интеллигенсияи босаводро гирем. Барои мисол, дур наравем. Дар як анҷумани Иттифоқи нависандагон камина ба минбар баромада, пешниҳод кардам, ки ҳукумат бояд ба адибони касбӣ маош таъин кунад, зеро баъди пош хӯрдани Шӯравӣ дигар бо чопи китоб таъмини рӯзгор ғайриимкон аст. Ягон нависанда ҳамовозӣ накард!

Ин Иттифоқи нависандаҳо не, инро бояд Нотифоқи нависандаҳо гуфт.

Магар донишмандонамон дар институтҳо тифоқанд? Ҳама масали Крылов “Қу, моҳӣ, ва харчанг”-ро ба ёд меоранд.

Вақте ки муаррихони тоҷикбадбин ҷилд-ҷилд китобҳо чоп карда, умуман номи тоҷикро аз китобҳои таърих пок мекунанд, танҳо баъди чанд даҳсолаи хомӯшӣ хайрият Луқмон Бойматов пайдо шуд, ки бо далелҳои қотеъ ба даҳонашон зад. Агар Луқмон Бойматов низ аз паси як бурда нон ба Америка мерафт, чӣ вазъи шармандаоваре медошт Тоҷикистон! Аммо ба ӯ на мукофот медиҳанд, на унвон! Зеро мо мафкураи миллӣ надорем. Ва ҳеҷ гоҳ муттаҳид нахоҳем шуд, агар Интернет моро рӯзе ба ҳам наорад.

Алъон парокандагӣ рӯз то рӯз бештар мешавад…

Адаш ИСТАД

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.