Чашм ба чашм: Каримов аз Путин силоҳ пурсид

 

Ҳафтаи равон президенти Ӯзбекистон Ислом Каримови солхӯрда бо даъвати Владимир Путин ба Маскав омад. Шояд дар умри дарози худ Каримов ба ин шаҳр ҳазорон маротиба омада бошад,  аммо ин сафар аз сафарҳои пешинаи ӯ фарқ дошт.

Президенти ин кишвар дар қисмати авали сафари худ, ки 25 апрел баргузор гардид, қариб се соат бо Путин суҳбати хоса дошт ва тавре ки худи ӯ мегӯяд, “ман чунин суҳбатҳоро дӯст медорам, чун  дар он ҷое, ки метавон ба таври кӯтоҳ ва хеле дақиқ фикри худро баён кард, зарур нест, ки кадом таъбирҳои дипломатӣ биҷӯӣ.” «Фикри кӯтоҳ ва дақиқи»  Каримов дар ин вохӯрӣ чӣ буд? Асли онро ҳаргиз касе нахоҳад фаҳмид, вале коршиносон сари он андешаронӣ мекунанд. Аз ҷумла, онҳо мегӯянд, ки асоси ин гуфтугӯҳоро ҳамкориҳои ҳарбӣ  ва хариди силоҳ аз Русия ташкил додаанд. Ӯзбекистон дар пайи нооромиҳои тӯлкашидаи Шарқи Наздик ва Миёна мехоҳад артиши худро бо силоҳи нави замонавӣ тақвият диҳад. Аммо хавотирии бештари ӯ аз Афғонистон аст ва вобаста ба сулҳ дар ин  кишвар президенти Ӯзбекистон хушбин нест. Ӯ мегӯяд:   “Ҷанг дар Афғонистон ҳеҷ тамом намешавад ва ҳеҷ рӯшноие дар поёни ин нақб ҳанӯз намудор нест. Кӯшишҳои муайяне барои бидуни ширкати Русия ҳал  кардани масъалаи Афғонистон вуҷуд доранд. Ба ақидаи ман, ин усулан хатост. “ Ин гуфтаҳои ӯ танҳо як навъ хушомад задан ба Русия  аст ё ӯ воқеиятро мегӯяд? «Албатта, ҳарду» мегӯяд муфассири газетаи «Завтра» ва ин аз ҳақиқат дур нест. Ӯзбекистон, ки аз ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия  кайҳо баромадааст, ҳаққи аз ҳама камтари гирифтани силоҳ бо  тахфиф аз Русияро дорад. Вале барои  ин ду сиёсатмадор манфиати яклаҳзаина болотар аз манфиатҳои умумӣ аст ва шубҳае нест, ки Путин беҳтарин силоҳро дар ихтиёри Каримов хоҳад гузошт. Онҳо  дар ин мулоқоти «чашм ба чашм» боз кадом масъалаҳоро муҳокима намуданд, маълум нест, вале рӯзи дигар, акнун ба таври расмӣ онҳо мулоқоти якҷоя анҷом доданд ва дар он   асосан сухан дар бораи ҳамкориҳои иҷтисодӣ мерафт. Аз ҷумла, ӯ хост, ки роҳи тиҷорати меваю сабзавоти Ӯзбекистон ба Русия бе мамониат боз гардад. Каримов Каримов намебуд, агар дар ҳамин ҷо ҳам нисбати ҳамсоягони худ ягон сухани нохуше намегуфт . Ӯ изҳор намуд:  “Дар Маскаву Питер худ ба худ фаромӯш кардаанд, ки беҳтарин меваву сабзавот дар Ӯзбекистон аст. Баъзе ҳамсояҳои мо баъзан дар бозор мегӯянд, “бигиред, ин меваҳои хуб аз Ӯзбекистонанд.” Ҳарчанд ин меваҳо ба Ӯзбекистон рабте надоранд. Вале реклама реклама аст ва реклама худ баёнгари хеле чизҳост.” Ин ҷо ӯ киро дар назар дорад? Шояд Тоҷикистонро, ки меваҳояш, ҳатто меваи хушкаш  натанҳо дар Русия, балки дар Итолию дигар кишварҳои аврупоӣ  ҷойгоҳи худро пайдо кардаанду карда  истодаанд? Ё бо ҳамин роҳ президент мехоҳад, ки садди роҳи тиҷорати дигарон шавад? Инро виҷдонаш медонад. Аз ҳама   муҳимаш, набояд муносибати ду кишвар ба зарари кишвари сеюм бошад. Интихоби дӯст ихтиёрист, вале садоқати ӯ танҳо дар амал собит мегардад.

А.АҲМАДЗОДА.

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *