Чемпионати Осиё-2018 дар Душанбе мегузарад

Сомонаи ФФТ иттилоъ додааст, ки пойтахти ҷумҳуриамон — шаҳри  Душанбе дар соли равон  мизбони ду чемпионати Осиё-2018 доир ба футбол байни навҷавонон (U-16) ва ҷавонон (U-19) мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон ҳарифони гурӯҳии худро пас аз қуръакашӣ дар 21 апрел хоҳад шинохт.

Чемпионати Осиё-2018 доир ба футбол байни навҷавонони 16-сола  (U-16) бошад, аз 16 то 24 сентябр бо иштироки 46 даста, дар ду минтақа – Ғарбӣ ва Шарқӣ  баргузор мешавад.

Чемпионати Осиё-2018 доир ба футбол байни ҷавонони 19-сола  (U-19) бо ширкати 44 даста дар минтақаҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ  аз 31 октябр то 8 ноябр ҷараён хоҳад гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *