Чемпиони машҳури рус ваҳшиёна кушта шуд (Видио)

Дар Интернет видеои чигуна кушта шудани қаҳрамонии гуштини тарзи озоди Аврупо Юрий Власко нашр шудааст. Власко, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, як ҳафта пеш дар лаби кӯли Байкал бо се зарби корд ва 7 зарбаи арматур бераҳмона дар пеши чашми мардум кушта шуд.

Дар торнамои Ютуб видеое нашр шудааст, ки лаҳзаҳои куштори қаҳрамони Аврупо дар навъи гуштини тарзи озод Юрий Власкоро нишон медиҳад. Дар видео дида мешавад, ки як гурӯҳи ҷавонон ба Юрий Власко ва як дӯсташ дар лаби кӯли Байкал ҳамла мекунанд ва ҳардуро бераҳмона бо мушту лагат ва арматура латукӯб мекунанд. Юрий Власко дар аввал муқовимат нишон медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки аз ҷои афтодааш бихезад, вале дар ниҳоят боз ба замин меафтад.

Муноқишаи байни Юрий Власко ва як дӯсташ бо гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ субҳи 29 июл дар соҳили Байкал дар назди деҳаи Горячинск рух додааст. Дар ҷараёни занозанӣ Власко аз сари синааш як зарбаи корд ва аз сараш дастикам 7 зарбаи арматура хӯрда, ба ҳалокат расид.

    

Бо иттиҳоми даст доштан дар куштори варзишгар ду нафар дастгир шудаанд.

Юрий Власко яке аз умедҳои тими миллии Русия дар гуштини тарзи озод ба шумор мерафт. Ӯ алакай дар синни 20 унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро ба даст оварда, дар вазни то 96 кило ду дафъа унвони қаҳрамони Аврупо байни навҷавонон шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *