Дастгиршавии ноболиғи кордчазан

Чуноне аз ВКД хабар медиҳанд, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷавонписари 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми августи соли 2017, тахминан соати 18.00-дақиқа, шахси номаълум дар боғи фароғатии “Дӯстии Халқҳо”-и пойтахт, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шиками ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, ҷавонписари 17-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *