“Чилланишинон”-ро дастгирӣ кунед!

Дар байни пайравони дини мубини ислом чилланишинӣ ва дар моҳи Рамазон эътикоф ном маросиме ҳаст. 

Дар мазороти шахсони машҳур ва дар назди оромгоҳҳои машҳур бо номи “чиллахона” ҳуҷраи хурде буд (ва ҳоло ҳам дар баъзе зиёратҷойҳо ҳаст), ки шахси  чиллашин он ҷо меравад ва дар муддати чил рӯз худро ҳабси ихтиёрӣ менамояд. Он ҷо ӯ танҳо ба тоату ибодат машғул мешавад ва бо касе мулоқот намекунад. Хӯрду хӯрокашро ба миқдори хеле кам наздиконаш ва  савобталабон бурда, дар назди чиллахона мегузоранду он нафар бо касе вонахӯрда  истифода мебарад. Ҳоло низ онҳое, ки ба карантин аз коронавирус  фаро гирифта шудаанд, бо ҳамин роҳ бо ғизо таъмин карда мешаванд. Мутаассифона, то ҷое,ки аз суҳбат бо шахсоне,ки  ба карантин фаро гирифта шуда буданд, инак ба озодӣ баромаданд, огоҳ шудем, дар ин муддат ин шахсон бо  хӯроки дуруст таъмин набуданд ва аксаран духтурони дар қатори онҳо карантиншударо  ҳамкорони берунмондаашон бо навбат бо хӯрок таъмин менамуданд. Ҳол онки ин пизишкон бояд бо тамоми ғамхориҳои фаро гирифта мешуданд, зеро таъмини саломатии  карантиншудаҳо дар дасти онҳост.Наход духтур 19 шабу рӯзро ҳамроҳи беморони потенсиалӣ сипарӣ кунаду дар табел  рӯз  кории ӯро 17 соат нависанд?   Албатта, ба хотири зарар нарасондан ба фаъолияти минбаъдаи онҳо эшонро номбар намекунем, вале бояд гуфт,ки ҳоло духтурон мисли сапёрҳое ҳастанд,ки дар майдони минакоршуда амалиёт мегузаронанду  ин минаҳоро безарар мегардонад.   Бояд онҳо бо ғамхории  бештаре фаро гирифта шаванд ва музди меҳнати бе ин ҳам камашон бамаротиб боло бурда шавад. Хоса, замоне,ки  аз кишвару созмонҳои беруна ба Тоҷикистон кумак расида истодааст ва дар дунё шумораи духтуроне,ки худ гирифтори бемории коронавирус шуда, ҳаёташонро аз даст додаанд, меафзояд. Агар пизишк донад, ки дар ҳаққи ӯ ғамхории бештаре шудаи истодааст ва ақибгоҳаш дилпур аст, бо дасту дили гарм ва масъулияти тамом ба қасами Гиппократ содиқ мемонад ва балогардони ҳамаи балоҳо мешавад. Пас, бояд Вазорати тандурустӣ ва ҳар шахсе,ки саломатии ин миллату ин мардумро мехоҳад, мадагори ин “чилланишинон” бошад.

А.АҲМАДЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.