Чопи куллиёти Мирзо Турсунзода аз ҷониби АМИТ

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баъди 48 сол бори аввал куллиёти шашҷилдаи осори шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба нашр расонида шуд.

Дар ин бора имрӯз, 5 феврал президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Нашри куллиёт дар соли 2025 дастоварди муҳими илмию фарҳангӣ маҳсуб ёфта, дар ҳифз, гиромидошт ва омӯзиши мероси адабии яке аз поягузорони адабиёти муосири тоҷик нақши муҳим дорад»,-гуфт академик Қобилҷон Хушвахтзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *