тоҷикона

Чорабинии тарғиботӣ дар Душанбе: Тоҷикона мепӯшем!

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯдухтарон таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» чорабинии тарғиботӣ доир карда шуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона ва муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ гузаронида шуд.

Дар доираи он донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллӣ дар Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт либосҳои миллии тоҷикиро муаррифӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *