Дӯстӣ. Ҷалби сокинон ба омӯзиши касб

Дар се моҳи соли равон, дар ноҳияи Дӯстӣ се ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, наздики 130 кас бо кор таъмин шудааст.

Шарофат Абдуллоева, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ба Pressa.tj гуфт, ки мо давоми сол бештар сокинони бешуғлро ба касбомӯзӣ ҷалб кардаем. Ӯ мегӯяд, бо баргузории се ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ, 127 сокин бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Ба таъкиди вай сокинон бештар ба корҳои кошоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқони ҷалб шудаанд.
Феълан дар ноҳияи Дӯстӣ ба 70 нафар мақоми бекорӣ дода шудаасту халос. Ин ҳам дар ҳолест, ки ноҳияи мавриди назар беш аз 122 ҳазор ҷамъият доштааст.
Шарофат Абдуллоева афзуд, ки дар соҳаи маориф, тандурустӣ, кошоварзӣ ва иқтисодӣ ҷойҳои холии корӣ ҳаст ва мо хоҳишмандонро ба кор таъмин карда метавонем. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ҳоло беш аз 100 нафар дар курсҳои гуногун омӯзиш доранд ва баъди хатм бо кор таъмин мешаванд.
Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *