Истифодаи системаҳои барқи офтобӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд

Истифодаи ҳатмии системаҳои барқи офтобӣ дар сохтмон ва бозсозии биноҳо дар Тоҷикистон ҷорӣ шуд.
Фармоиши дахлдорро раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода имзо кардааст. Ширкатҳои сохтмонӣ вазифадор шудаанд, ки аз 1 апрели соли равон ин фармоиши кумитаро амалӣ созанд.
Фармоиш ба намудҳои гуногуни иншоот, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, маъмурӣ, ҷамъиятӣ, варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои хӯрокворӣ ва ҳатто боғҳои фароғатӣ, роҳҳо ва кӯчаҳо дахл доранд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар доираи стратегияи рушди иқтисоди “сабз” ва стратегияи рушди соҳаи сохтмон то соли 2030 гирифта шудааст.

Pressa.TJ обуна шавед ва аз хабарҳои дохилу хориҷ огоҳ гардед.

https://t.me/pressatjk

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *