Данғара соҳиби беморхонаи сироятӣ мешавад

Дар ноҳияи Данғара сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятии панҷошёна барои 200 кат идома дорад. 

Тибқи иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 27 июн соли равон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз ин беморхона дидан намуд.

Раиси вилоят ба аҳамияти зиёд доштани бунёди беморхонаҳои бемориҳои сироятӣ бо дарназардошти хуруҷи бемории сироятии нави коронавирус таъкид намуда, ба масъулин ҷиҳати пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд ба истифода додани он дастур дод.

Гуфта мешавад, ки сохтмони бинои беморхона соли 2016 оғоз гардида, тибқи нақша соли 2021 ба анҷом мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *