газета

Дар Қирғизистон нашрияҳои вилоятиро барҳам доданианд

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон қарори барҳам додани ҳамаи рӯзномаҳои давлатии вилоятиро таҳия кардааст. Вазорат ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод кардааст, ки баррасияшон то 11-уми апрел идома меёбад.

Дар маълумотномаи лоиҳаи қарори ҳукумат навишта шудааст, ки имрӯз дар маҷмуъ дар штати ҳамаи рӯзномаҳои вилоятӣ 228 нафар кор карда, маблағгузории солонаи музди меҳнати онҳо зиёда аз 105 миллион сом ($1,2 миллион)-ро ташкил медиҳад.

— Дар ҳамин ҳол, ягон нашрия худашро таъмин карда наметавонад, ки дар натиҷа маблағҳои буҷетӣ беҳадаф сарф карда мешаванд,- таъкид кардаанд дар Вазорати фарҳанги Қирғизистон.

Мувофиқи маълумоти ташаббускорони лоиҳа, рӯзномаҳои вилоятӣ ҳафтае як маротиба бо тиражи бештар аз 10 млн нусха нашр мешаванд, ки ин сокинони минтақаҳоро пурра таъмин карда наметавонад. Талабот ба нашрияҳои чопӣ коҳиш ёфтааст, зеро қирғизҳо тавассути интернети мобилӣ, телевизион ва радио маълумот гирифтанро афзал медонанд.

Ин ҳама сабаби қарори барҳам додани нашрияҳои рӯзномаҳои вилоятӣ гардидааст. Вазорати фарҳанг қайд кардааст, ки лоиҳаи қарор барои такмили сиёсати иттилоотии давлатӣ, ки аз ҷониби ВАО-и минтақавӣ гузаронида мешавад, таҳия шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *