Дар Қирғизистон кӣ президент мешавад?”Худои зинда” ё Содир Ҷабборов?

Имрӯз дар Қирғизистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ва ҳамзамон референдуме доир шуда истодааст, ки дар он сокинон бояд аз байни низоми парлумонӣ ва низоми президентӣ якеро ҳамчун шакли давлатдории ояндаи ин кишвар бипазиранд.

Дар интихоботи президентӣ 18 номзади иштирок мекунанд. Дар умум ба мақоми президентӣ 47 нафар пешбарӣ шуда буд, вале комиссияи интихобот номзадии 18 номзадро сабт накард. 14 номзади дигар худашон аз идомаи мубориза даст кашиданд.
Ба ақидаи нозирон, як номзади пештоз сарвазири 42-солаи Қирғизистон Содир Ҷабборов аст, ки дар давраи муборизаҳои интихоботӣ муваққатан аз иҷрои вазифаи раҳбари ҳукумат канор рафт. Ҷабборов ҳамагӣ се моҳ пеш тавассути эътирозгарон аз маҳбас озод шуд ва билофосила ба курсии сарвазир нишаст.
Дигар номзадҳои бештар ошно роҳбари ҳизби «Бутун Қирғизистон» Адахон Мадумаров, собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ Курсан Асанов (Хурсанд Ҳасанов), вакили парлумон Қаноатбек Исоев, вакили собиқ Равшан Жеенбеков ва раиси собиқи КДАМ генерал Канибек Имангалиев мебошанд. Дар байни номзадҳо нафаре бо номи Арстанбек Миркибек низ ҳаст, ки худро… «Худои зинда» меномад. Ин нукта ҷолиб аст, ки дар байни 18 номзади сабтиномшуда 7 нафараш «муваққатан кор намекунанд».
Дар Қирғизистон инак президенти шашуми ин ҷумҳуриро интихоб мекунанд. Аксари президентҳои қаблии Қирғизистон фарҷоми чандон хуше надоштаанд. Се президенти собиқи Қирғизистон – Аскар Оқоев (дар соли 2005), Қурмонбек Боқиев (соли 2010) ва Сооронбой Жээенбеков ( соли 2020) курсии худро зери фишори эътирозҳои оммавии мардум тарк карданд ва Оқоев ва Боқиев ҳатто аз Қирғизистон фирор карданд. Як президенти дигари собиқи Қирғизистон – Алмосбек Отамбоев – баъди рафтанаш аз мақом боздошт ва маҳкум ба зиндон шуд. Ягон президенти собиқи ин ҷумҳурӣ, ки аз чунин сарнавишти талх эмин ёфт, Роза Отунбоева аст, ки ҳамагӣ як сол роҳбарӣ кард ва бо ихтиёри худ аз мақом рафт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *