Дар 5 рӯз аз 160 миллион сайёҳ чӣ қадар даромад ба даст омад?

Чи тавре,ки имрӯз 6.05.2022 ба Pressa.tj  маълум гардид, даромади Чин аз ҳисоби сайёҳӣ миллиардҳоро ташкил додааст.

Ин нишондод, дар ҳолест, ки дорад саросари дунё вабои аср СОVID -19 озодона ҳаркат менамояд.  Ва ин бори дигар далолат бар он дорад, ки мардум ба ҳар роҳу василае ки набошад, барои истироҳати худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд то рӯзгорашон хушу зебову нотакоро бигзарад.

 Чин дар давоми иди панҷрӯзаи умумимиллӣ ба муносибати Рузи байналхалқии меҳнат (Якуми Май) 160 миллион сайёҳи дохилиро ба ҷо овард, ки ин назар ба соли гузашта 30,2 фоиз кам аст.

Дар ин бора омори имрӯз нашркардаи Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Чин шаҳодат медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, даромади соҳаи сайёҳӣ дар ин давра 64,68 миллиард юан (ҳудуди 9,77 миллиард доллар)-ро ташкил додааст.

 Ин нисбат ба маблағи дар соли 2021 ҷамъовардашуда 42,9% камтар аст. Имсол идҳои Якуми Май аз 30 апрел то 4 май давом кард.

Бояд зикр намуд, ки Чин яке аз кишварҳоест, ки дар соҳаи сайёҳӣ хеле рушд кардаву ҷулутар қадам мезанад. Ва омӯхтани таҷрибаи ин кишвар дар соҳаи сайёҳӣ боси омӯзиш ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *