Дар баланкӯҳҳо борону барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе минтақаҳо  боридани борону барф  дар  назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,       боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -5-3,   рӯзона  +2+4  ва дар шарқи ин вилоят шабона -18-20  ва рӯзона -3-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8    метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +1+3  ва рӯзона 9+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону  барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 5+7 ва рӯзона +13+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландии 2000 м барф меборад. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 0-5  ва рӯзона  ба  9-14  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    шабона боридани борон  дар назар аст. Ҳаво шабона 2+4  ва рӯзона +11+13  дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *