Манъи рондани мошинҳои гаронарзиш ба додситонҳо

Манобеъ дар вилояти Дашоғуз, дар шимоли Туркманистон мегӯянд, ба кормандони додситонии ин минтақа истифода ё рондани мошинҳои гаронарзиш манъ шудааст.

«Дар ин бора тақрибан 3-4 моҳ пеш аз боло дастури шифоҳӣ шудааст. Бархе аз кормандони додситонӣ мошинҳои худро фурӯхтанд ва бархеи дигар ба номи наздиконашон гузаронданд. Вале бо вуҷуд, метарсанд, ки мошинҳои гаронарзишро ронанд», — гуфт як манбаъ аз Дашоғуз.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бештари кормандони додситонӣ мошинҳои нави «Toyota Pathfinder» ва «Toyota Highlander» доранд.

«Мошинҳои кормандони додситонӣ аз дигарон фарқ мекунад. Онҳо наванд. Тақрибан ҳамаи онҳо мошинҳои нав доранд. Мегӯянд, ин фармон барои он шудааст, ки кормандони додситонӣ аз мардуми одӣ фарқ накунанд», — изҳор дошт манбаъ.

Як манбаъи дигар дар шимоли Туркманистон гуфт, истифодаи мошинҳои гаронарзиш ба кормандони додситонии минтақаҳои дигари ин кишвар, аз ҷумла шаҳри Ишқобод низ манъ шудааст. Вале талошҳо барои тасдиқи он бенатиҷа буданд.

Дар Туркманистон тайи чанд соли ахир дар робита ба мошинҳои шахсии хидматчиёни давлатӣ ва мансабдорон як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шудааст. Аз ҷумла моҳи ноябри соли 2017 дастур шуд, ки ранги мошинҳои кормандони Вазорати умури дохилии Туркманистон бояд сафед бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *