Дар Душанбе китоби «Чеҳраи миллат» рӯнамоӣ мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Чеҳраи миллат» ба нашр расид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Маҷмӯаи мазкур аз чор ҷилд иборат буда, дар он осори чор шоири халқии Тоҷикистон – Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло ва Давлат Сафар гирдоварӣ ва ба табъ расидааст. Китоб дар нашриёти «Адиб» интишор ёфтааст.
Рӯнамоии расмии китоби «Чеҳраи миллат» 13 ноябри соли 2025, соати 17:00 дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мешавад. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли адаб ва фарҳанг, олимон, донишҷӯён ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ