Дар Душанбе ҷавони 21-сола бо корд ва ҳабҳои мадҳушкунанда боздошт шуд
Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Бахтиёр Оев, сокини 21-солаи пойтахтро боздошт карданд. Ба иттилои полис, боздошт дар асоси навори ирсолнамудаи як шаҳрванд анҷом ёфтааст.
Зимни кофтуков аз гумонбар як адад корд ва 22 ҳабаи мадҳушкунандаи маъруф ба «Лирика», дарёфт шудааст. Мақомот мегӯянд, Оев қаблан барои авбошӣ суд шуда, боз ба истеъмоли воситаҳои нашъадор машғул буда ва бо истифода аз корд тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекардааст.
Нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардидааст.
Милитсияи пойтахт таъкид мекунад, ки дар доираи амалиёти шартии «Корд» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду санҷиш ҷиҳати ошкор ва пешгирии истифодаи силоҳи сард пурзӯр карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ