Дар Хатлон корхонаи истеҳсоли асфалт бо иқтидори бузург ба фаъолият оғоз кард

Зимни сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, дар деҳаи Сайроби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи нави истеҳсоли асфалту бетон ба истифода дода шуд.

Ин корхонаи саноатӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абдулазиз Ҷобиров бунёд шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат,  корхонаи мазкур дар майдони 8,17 гектар бо маблағи 2 миллиону 520 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсоли он 70 тонна асфалт ва 60 метри мукааб бетон дар як соатро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин корхонаи нави саноатӣ 100 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *