Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии «Интервидение» Фаррух Ҳасанов намояндагӣ мекунад

Тоҷикистонро дар озмуни бонуфузи байналмилалии мусиқӣ – «Интервидение» Фаррух Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи кишвар намояндагӣ хоҳад кард.

 Дар ин бора Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон расман даъватнома барои иштирок дар озмун дарёфт намуда, баъдан номзади арзанда – Фаррух Ҳасанов ба ҳайси намояндаи кишвар интихоб гардид.

«Ҳоло Ҳасанов ба озмун омодагӣ мебинад ва тибқи иттилои расмӣ, намояндагони созмондиҳандагони чорабинӣ низ ба зудӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳанд кард», — изҳор дошт Матлубахон Сатториён.

Озмуни байналмилалии «Интервидение» яке аз платформаҳои маъруф барои муаррифии фарҳанг ва ҳунари овозхонҳои кишварҳои ИДМ ва берун аз он маҳсуб ёфта, барои таблиғи фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ имкони хуб фароҳам меорад.

Ёдрас мекунем, ки Фаррух Ҳасанов яке аз овозхонҳои маъруфи тоҷик буда, дар солҳои охир бо таронаҳои асил ва сабки вижаи иҷроияш маҳбубияти зиёд касб кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *