Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)

28-уми апрел Таракӣ дар Қасри Арк

Субҳи 28-уми апрел, баъд аз чанд соати ҷанг ва муқовимати шадиди сарбозони вафодори Довуд қасри Арк, маркази ҳокимият ба дасти инқилобиҳо гузашт. Муҳаммад Довуд бо хонаводааш ба қатл расид. Дар Афғонистон сулолаи шоҳӣ ва режими хешовандсолорӣ аз байн рафт. Ин ибтидои нооромӣ дар Афғонистон ва саргардонии мардуми ин кишвар гашт.

Ҳамин субҳ, дар ҳоле ки хиёбонҳои Кобул холӣ аз одам, аммо пур аз садои мошинҳои зиреҳпӯш буд, Нурмуҳаммад Таракӣ, ки як рӯз пеш аз зиндон раҳо шуда буд, ба қасри ҳукумат ворид шуд.

Инқилоб пирӯз шуд. Ва Афғонистон дигар ҳамон набуд.

29-уми апрел, бо эъломияи расмӣ, Ҷумҳурии Демократии Афғонистон таъсис ёфт. Нурмуҳаммад Таракӣ раиси Шурои Инқилоб ва ҳамзамон Сарвазир эълон гардид.

Ин марди ором, ки то чанд рӯз пеш дар манзилаш ба навиштани мақолаи фалсафии «Ҳақиқат ва ҳаёт» машғул буд, якбора дар маркази ҳикояи пурфоҷиае қарор гирифт, ки шояд худ ҳам интизораш набуд.

Лаҳзаҳои аввалини ҳукмронии Таракӣ

Қасри Арк аз шаҳомати шоҳона ба китобхонаи як роҳбари ранҷбар табдил меёфт. Дар чанд рӯзи аввал, Таракӣ бо пойафзоли кӯҳна ва либоси содда дар долонҳои кох роҳ мерафт. Генерал Қодир дар яке аз суҳбатҳояш бо Муродуллоҳ Шерализода, ки аллакай робитаи дӯстӣ миёнашон ба амал омада буд, ёдовар мешавад, ки рӯзи аввали дар қаср буданаш, Таракӣ гуфта буд: “Ман инҷо роҳат нестам. Ман қаср намехоҳам. Ман хонае мехоҳам, ки бо як тахт, як миз ва чанд курсӣ бошад”.

Аммо ҳафтае нагузашта талаб кард, ки мехоҳад ба қисмати дарунии қаср кӯчад. Ва дар ҳамон кӯч, рӯҳи ранҷбарии Таракӣ дар ҳавои шукӯҳи қудрат нопадид гашт. Қудрат, мисли ҳашароти хомӯш, дарунро мехӯрад. Ва ӯ ҳам тадриҷан аз як “устод”-и маҳбуб ба як фармондеҳи сахтгиру беамон табдил ёфт.

Тавтиаи Амин бар зидди Таракӣ

Ҳафизуллоҳ Амин, ки Таракӣ ӯро бо муҳаббат “писари маънавӣ” мехонд, бо шитоби тааҷҷубовар сутунҳои қудратро зери таъсири худ мегирифт. Аз паси ҳар мулоқот бо сафирони хориҷӣ ва роҳбарони низомӣ, сояи ӯ боқӣ мемонд.

Таракӣ боре ба генерал Қодир мегӯяд:

– Амин бисёр тез аст. Вале ман дидаам, ки маҷрои тез ҷӯйи оромро мебурад…

Аммо дер шуда буд.

Ҳангоми бозгашт аз сафари расмӣ ба Ҳавана, ҷое, ки Таракӣ бо эътимод ва эҳсоси комёбӣ суханронӣ карда буд, ӯ дигар раҳбари давлат набуд. Он даме, ки қадам ба фурудгоҳи Кобул гузошт, фазо дигар шуд. Артиш хомӯш буд. Гвардияи хос бо забони ҷасади сард қадам мепартофт. Нидое набуд, ки ба ӯ «марҳабо» гӯяд.

Ҳама чизе, ки Таракӣ аз он метарсид, акнун рӯй медод. Амин, ҳамон нафаре, ки ҳамарӯза дасташро мебӯсид ва ӯро «устод» мехонд, бо дасти худаш тарҳи куштори вайро мекашид.

Ҳафизулло Амин бо баҳонаи «маслиҳати махфӣ» Таракиро ба «доруламон» – қасри пӯшидаи амниятӣ, ки он вақт ба ҳифзи шахсии раҳбарони баландпоя тааллуқ дошт, даъват кард. Аммо «доруламон» акнун на амонгоҳ, балки дарвозаи марг шуда буд.

Дар торикии шаб, зери назорати хадамоти амниятии Амин ва бо фармони бевоситаи ӯ, Таракӣ ба ҳуҷрае бурда шуд, ки равзана надошт. Ҳуҷрае, ки ҳар шаб шоҳиди нафасҳои охирини касе мешуд. Онҷо, дар рӯи фарши сард Таракӣ нишаста буд, бо саре, ки дигар қудрати фикр кардан надошт. Ӯ аллакай худро бегона ҳис мекард, дар кишвари худ, дар қасри худ, миёни мардумони худ.

Ба утоқ ду нафар ворид шуданд, силоҳашон болиш буд. Яке, аз афроди наздик ба Амин, дигаре, аз хадамоти амният.

Он шаб Таракиро бо болиш бӯғӣ карданд. Зери фишор, бо вуҷуди муборизаи ҷисми заифшуда, лаҳза ба лаҳза нафасаш танг мешуд. Шояд фиғони охирини ӯ беовоз буд. Шояд қатрае аз ашки чашмаш, ки дар рӯи пардаи болиш афтод, охирин ҳуҷҷати мардонагии шахсияти барканоршуда буд.

Ҳамин тавр, Таракӣ – раҳбари инқилоб, сухангӯи заҳматкашон, падари ҳизбе, ки бо ормонҳои иҷтимоӣ қомат рост карда буд, бидуни додгоҳ, бидуни иттиҳом, бидуни дифоъ дар хонаи хомӯшӣ ҷон дод. Ва Амин – раҳбари нав, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш бо тамоми вуҷуди худ дар хидмати устод қарор дошт, акнун сарпӯши хокие шуд, ки марги нангинро на танҳо ба ҷони устод, балки ба таърихи як насл ворид кард. Ӯ, ки дасти Таракиро мебӯсид ва дар ҳар суҳбат «устодҷон» мегуфт, бо дасти худ нафаси ӯро дар торикии таҳхона баст, то худаш дар равшании қаср нафас кашад. Ин оғози поёни як давраи пуршӯру пурфоҷиаи ҳизб ва кишваре буд, ки бародарон бар зидди ҳам бархестанд ва инқилоб фарзандони беҳтарини худро фурӯ бурд.

Амин – раҳбари нав, ки дирӯз худро фидоии устод медонисту ҳар суханашро бо «устодҷон» оғоз мекард, хомӯштарин фармони таърихро иҷро кард: хомӯш кардани нафаси устод.

Дар таҳхонаи торик ва хомӯши Қасри раёсат, ҷойе дур аз ҳама маъракаи таблиғот ва шиорҳои «баробарӣ», «адолат» ва «ҳукумат барои халқ», фармони қатл содир шуд: на бо имзо, на бо муҳр, балки бо болиш. Болише, ки гувоҳ шуд: сиёсат ҳамоно саҳнаи шадидтарини хиёнат аст.

Нурмуҳаммад Таракӣ – падари инқилоби Савр, асосгузори Ҳизби халқӣ, сухангӯи ормонҳои мардуми заҳматкаш, он шаб дар зери дасти худи ҳамон шогирде нафас боздод, ки ӯро аз гўшае ба саҳнаи сиёсат оварда буд.

Амин бошад, субҳ ниқоб ба чеҳра кашид, сари минбари ҳукумат баромад ва гуфт: «Устод, бо сабаби беморӣ, ба рухсатии истироҳатӣ рафтанд».

Кам касе медонист, ки устод ба истироҳати абадӣ рафта буд.

Ҳамин тавр, даре баста шуд. Ва оинаи як идеология шикаст.

Таракӣ рафт, вале намурд. Ӯ ба як рамз табдил ёфт, рамзи он ки инқилоб фарзандони худро низ мехӯрад, агар онҳоро бо ақл не, бо ҳирсу зоҳирпарастӣ парвариш диҳад.

Амин устодро дар торикӣ кушт, худашро рӯзона дар нури даҳшати ҳамон шабҳо дид – танҳо, мавриди шубҳа ва наҷотнаёфта аз хашми ҳамон қудрате, ки гӯё ӯро пуштибонӣ мекард.

Он шаб Таракӣ кушта шуд. Вале фоҷиа танҳо қатли як шахс набуд, он шикасти садоқат, саркӯбии ақл ва оғози поёни як хати сиёсӣ буд, ки дер напайваст ва зуд шикаст.

Миёни ваъда ва ваҳшат: ҳукмронии Ҳафизуллоҳ Амин

Ҳанӯз бӯи навбатии инқилоб аз кӯчаҳои Кобул нарафта буд, ки сари минбар раҳбари нав Ҳафизуллоҳ Амин омад. Ӯ, ки то дирӯз “шогирди вафодори Таракӣ” номида мешуд, устодашро бо дасти худ аз миён бурд ва худро нозим ва ноиби “адолат ва озодӣ” эълон мекард. Аммо дар паси чеҳраи таҳаммулгаро ва шиорҳои ҷаззоб, сиёҳии як давраи таҳаммулнопазир ва пурдаҳшат пинҳон буд.

Ҳафизуллоҳ Амин дар кӯтоҳтарин фурсати ҳукмронии худ, ки аз моҳи сентябр то декабри соли 1979 тӯл кашид, ба сиёсати “таҳдиду тарсондан” рӯй овард. Дар аввалин рӯзҳо сухан аз «ислоҳоти амиқи идеологӣ» мерафт. Вале ба зудӣ тамоми ислоҳот ба шиканҷаву қатл, фишору маҳв табдил ёфт. Мардум гуфтанд: “Таракӣ бад буд, вале Амин бадтар”.

Зиндонҳои Кобул бо доду фарёди мардуме пур буданд, ки то дирӯз дар бозор нон мефурӯхтанд ё дар масҷид панҷ вақт намоз мехонданд. Бо шубҳаи ҳамкорӣ бо мухолифин, бо гуноҳи номуайян, бо номи “тарафдори режимҳои кӯҳна” ва “душмани халқ” онҳоро мебурданд. Амин шахсан рӯйхатҳои қатлро тасдиқ мекард.

– Бигзор таърих фаҳмад, ки мо раҳму шафқатро фидо кардем, то миллат наҷот ёбад,- гуфта буд ӯ дар як суханронӣ.

Вале мардум мегӯянд, ки маҳз раҳму шафқат набуд, ки миллатро ба вартаи хун бурд.

Ҳафизуллоҳ Амин гирифтори бемории шубҳа гашта буд. Ҳатто дар муҳити худӣ дигар ба касе эътимод надошт. Ӯ хоб намерафт, магар бо дастгоҳи мухобирот дар паҳлу, се тани муҳофиз ва сад пурсиш аз вазирону мушовирон. Ӯ гумон дошт, ки Шуравӣ ӯро аз сари қудрат дур мекунад. Ва ҳамин гуна ҳам шуд. Вале пеш аз он, ӯ бо дастони худ садҳо ҳамватанро саркӯб кард.

Ӯ забони форсӣ (дарӣ)-ро, ки забони модарии аксар мардум буд, маҳдуд сохт. Ҳам ба хотири қудрат ва ҳам ба хотири тафриқа. Ӯ медонист, ки миллате воҳид – хатаре бузург барои истибдод аст. Ва барои ҳамин, миллатро пора пора кард: забон ба як сӯ, таърих ба як сӯ, қавмҳо ба як сӯ. Дар қатори ҳазорҳо ҷинояту хиёнат алайҳи миллат, яке аз гуноҳҳои азими ӯ ба қатл расонидани овозхони мумтоз Аҳмад Зоҳир буд.

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *