Дар Хирманаки Ҳисор бинои дуошёна мавриди истифода қарор гирифт

Дар деҳаи Хирманаки ҷамоати деҳоти Сомон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иншооте, ки соҳибкорон — бародарон Сатторовҳо бо дастгирии сокинони деҳа ба ифтихори ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ба иттилои сухангӯи раиси шаҳри Ҳисор, бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази хизматрасонии тиббӣ бо ҳуҷраҳои доругузаронӣ, қабул ва муоинаи беморон, инчунин хатнакунии кўдакон сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино маҷлисгоҳ бо 150 ҷои нишаст ва утоқи корӣ барои раиси маҳалла қарор дорад. Бино бо тарҳу намуди зебо оро ёфта, гармкунии маҷлисгоҳ бо фаршҳои гармкунандаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

— Ба истифода додани бинои мазкур мушкилоти сокинони деҳа ва деҳаҳои атрофи онро дар дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ осон намуда, 5 нафар духтарон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Барои иҷрои чунин иқдоми наҷиб сокинони деҳа дар симои Кумитаи маҳалла ва соҳибкори ободкору саховатпеша Баҳромҷон Сатторов бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд,- мегӯяд манбаъ.

Бояд ёдовар шуд, ки бародарон Сатторовҳо давоми соли ҷорӣ дар деҳа як пули мошингузарро низ бо харҷи беш аз чор миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *