Дар либоси кормандони БДА дурбинҳои назоратӣ насб мешаванд

Дар доираи як лоиҳаи озмоишӣ, дар либоси кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дурбинҳои назоратӣ насб карда мешаванд. Ин иқдом бо ҳадафи боло бурдани сатҳи шаффофият ва беҳтар кардани муносибати кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо шаҳрвандон роҳандозӣ шудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) амалӣ мегардад. Дар доираи он, САҲА ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 24 адад дурбини назоратӣ супурдааст.

Тавассути ин дурбинҳо фаъолияти кормандони БДА ва муносибати онҳо бо шаҳрвандон сабт карда мешавад, ки ин қадам метавонад ба баланд бардоштани сатҳи эътимоди ҷомеа ба сохторҳои қудратӣ мусоидат кунад.

Инчунин, САҲА ба кормандони БДА тарзи дурусти истифодаи ин дастгоҳҳоро омӯзонидааст. Ҳоло марҳилаи омӯзишӣ идома дорад ва пас аз анҷоми он, дурбинҳо дар либоси кормандон насб карда мешаванд.

Дар марҳилаи аввал лоиҳа танҳо дар шаҳри Душанбе татбиқ мегардад. Пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои озмоишӣ, қарор дода мешавад, ки ин таҷриба дар дигар минтақаҳои кишвар низ амалӣ карда шавад ё не.

Ба гуфтаи ташаббускорон, истифодаи дурбинҳои назоратӣ ба коҳиши ҳолатҳои баҳснок, пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти кормандони БДА мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *