Дар моҳи май 10 рӯз истироҳат!
Дар Тоҷикистон моҳи майи соли равон 10 рӯз истироҳат пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ин бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид аст.
Гуфта мешавад, ки дар арафаи солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳрвандони Тоҷикистон 3 рӯз пайиҳам – 9 то 11 май истироҳат хоҳанд кард.
Рӯзи 1 май, ки қаблан дар Тоҷикистон таътил буд, бидуни истироҳат хоҳад гузашт.
Дар Тоҷикистон соли 2016 Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ рабт дошт.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур, 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, аммо бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Дар баробари Рӯзи Ғалаба, ки барои сокинони Тоҷикистон истироҳат мебошанд, бархе аз идҳои касбӣ дар моҳи май бидуни таътил ҷашн гирифта мешаванд. Дар ин феҳрист 1 май – Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон, 4 май – Рӯзи кормандони мақомоти андоз, 7 май – Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа, 12 май – Рӯзи шашмақом, 23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 28 май – Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ғайра мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ