Дар мулоқоти Масъуди Пизишкиён ва Рамазон Раҳимзода кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дидор ва масоили тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, марзӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст.
Мо Теҳронро хонаи худ медонем
Ин мулоқот рӯзи 28-уми октябр дар ҳошияи Нишасти вазирони умури дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Теҳрон сурат гирифтааст.
Ба гузориши расонаҳои Эрон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин дидор таъмини амниятро ҳамчун заминаи густариши робитаҳои иқтисодӣ муҳим дониста, гуфтааст, ки ду кишвар бояд дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкории наздике дошта бошанд.
“Мо Теҳронро хонаи худ медонем ва бояд робитаҳои ду кишвар дар ҳама заминаҳо густариш ёбад. Суханони шумо бисёр ширин аст. Мардуми Тоҷикистон шуморо хеле дӯст медоранд”,- изҳор доштааст Раҳимзода.

Пизишкиён густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро муҳим дониста, бар зарурати тақвияти ҳамбастагии кишварҳои минтақа, бахусус кишварҳои исломӣ таъкид кардааст.
Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки “бегонагон дар талошанд” монеи эҷоди робитаҳои нек миёни кишварҳои исломӣ шаванд ва мусулмонону миллатҳои минтақаро ба ҷони ҳам меандозанд.
“Агар бо якдигар муттаҳид бошем, қавӣ хоҳем шуд, дар ғайри ин сурат, заиф мешавем”,- гуфтааст Пизишкиён.
Ӯ дар идома гуфтааст, ки Тоҷикистону Эрон бо такя ба фарҳанг ва таърихи муштарак метавонанд ояндаи дурахшон барои миллатҳои худ бисозанд.
Раисҷумҳури Эрон дар охир ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки “саломи гарм”-и ӯро ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш расонад.
Пешниҳоди Пизишкиён
Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар мулоқоташ дар ҳошияи Нишасти вазирони умури дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ зикр кард, ки имкон дорад дар минтақа, аз ҷумла бо кишварҳои ҳамфарҳанг (ба монанди Тоҷикистон) «асъори муштарак» ташкил шавад. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Эрон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки Пизишкиён ин пешниҳодро бо ҳадафи таҳкими ҳамгироии иқтисодии Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кардааст.
Ҳамчунин, раисҷумҳури Эрон таъкид кардааст, ки робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии мардумони Эрону Тоҷикистон заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам меоранд.
«Бо такя ба робитаҳои динӣ ва фарҳангӣ дар минтақа метавон шароите фароҳам овард, ки дар он гуфтугуҳо осонтар сурат гирифта, монеаҳои мавҷуда бартараф гарданд. Ҳатто метавон асъори минтақавии муштарак ҷорӣ кард, ки ба рушди иқтисодии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард»,- гуфтааст Масъуди Пизишкиён.
Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки барои густариши робита байни соҳибкорон, сармоягузорон, намояндагони соҳаҳои фарҳанг, илм ва тиб созмони вежаи ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ин иқдом, ба гуфтаи ӯ, метавонад ҳамкориҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав бардорад ва ба рушди минтақа мусоидат кунад.
Таҳкими амният
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таъкид намудааст, ки ҳамраъйӣ, амният ва рушди устувор омили асосии таҳкими муносибатҳои ду кишвар ба ҳисоб мераванд.
«Мардумони Эрон ва Тоҷикистон дорои фарҳанг, одоб ва суннатҳои муштараканд ва муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи самтҳои зарурӣ васеъ мегарданд»,- гуфт Раҳимзода.
Ба гуфтаи ӯ, таъмини амният ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, бояд яке аз самтҳои асосии ҳамкории муштараки ду кишвар бошад.
Роҳи оҳане, ки Эронро ба Тоҷикистон мепайвандад
Дар идома раиси Роҳҳои оҳани Эрон Ҷабборалӣ Зокирӣ низ аз оғози ҳаракати қаторҳои боркаши Эрон тавассути масирҳои кишварҳои ИДМ дар ду ҳафтаи оянда хабар дод.
Ба иттилои Оҷонсии Voice and Image, ин иқдом дар асоси тавофуқи миёни роҳҳои оҳани Эрон ва Ӯзбекистон амалӣ шуда, ба густариши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва таҳкими “дипломатияи роҳи оҳан” равона гардидааст.
Ҳадафи асосии ин лоиҳа афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути долонҳои Шимол – Ҷануб ва Шарқ – Ғарб мебошад, ки метавонад нақши муҳиме дар пайвастани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шабакаҳои асосии тиҷорати байналмилалӣ бозад. Ин роҳ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон тариқи Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Эрон бипайвандад.
Хулоса
Пешниҳоди таъсиси асъори муштарак ва Созмони ҳамкории соҳибкорони Эрону Тоҷикистон аз ҷониби раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён, дар баробари густариши шабакаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли минтақавӣ, метавонад сатҳи нави ҳамгироии иқтисодиро байни Тоҷикистону Эрон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам оварад.
Ин ташаббусҳо, ба андешаи таҳлилгарон, на танҳо муносибатҳои дуҷонибаро тақвият мебахшанд, балки ба рушди устувор, амнияти иқтисодӣ ва ҳамкории стратегӣ дар саросари минтақа заминаи воқеӣ мегузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ