Дар Намангон зане мехост бо бозичаи кӯдакона мағозаи ҷавоҳиротро ғорат кунад

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон як зани 51-солаеро боздошт кардаанд, ки бо истифода аз силоҳи бозичаӣ мехост, мағозаи ҷавоҳиротро бидӯздад.

Бино бар иттилои додситонии Намангон, Замира Шаҳбозова, замоне боздошт гардидааст, ки ҷуроби сиёҳ дар сару бозичаи кӯдакона дар даст фурӯшандаро маҷбур мекард, то ҷавоҳиротро дар халта биандозад.

Тавре манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, ин рафтори зан ҳамчун ҷинояти такроршаванда баҳо дода шудааст.

«Замира Шаҳбозоваи 51-сола бар ивази 4 ҳазор сӯм (75 сент) бозичаи кӯдаконаи чинӣ харида, ба сараш ҷуроби сиёҳ мекашаду ба мағозаи ҷавоҳироти «Зарнигорбегим» дар шаҳри Намангон медарояд. Вай бо «силоҳ»-аш ба сӯи яке аз фурӯшандаҳо ишора карда, маҷбур мекунад, ки маснуоти заргарии тилоиро дар халтае биандозад. Дар ин вақт фурӯшандаи дигар имкон пайдо мекунаду ба пулис хабар медиҳад», — мегӯяд манбаи радио дар додситонии вилояти Намангон.

Ба гуфтаи вай, дар натиҷа кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати корҳои дохилии Намангон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, занро «халъи силоҳ» ва боздошт мекунанд.

«Муайян кардани шахсияти зан зиёд тӯл накашид. Тавре маълум гардид, Шаҳбозова соли 2013 бар асоси моддаи 167-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон (дуздӣ бо роҳи азхудкунӣ ё харҷи барзиёд) маҳкум ба зиндон шуда, аммо баъдан авф гардидааст. Аз ин рӯ, ҳоло вай дар такроран содир кардани як ҷиноят айбдор мешавад», — афзудааст манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.