Дар назди Вазорати кишоварзӣ ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд

Бо ташаббуси вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар назди бинои вазорат ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баҳри таъмини кормандони дастгоҳи марказӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалияи кишоварзӣ ва нархҳои аз бозор нисбатан арзон баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби корхонаҳои зертобеи вазорат — КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» гӯшти гов, гӯшти мурғ, тухми мурғ, КВД «Моҳии Тоҷикистон» моҳӣ, МД «Комиссияи давлатии озмоиши навъҳо» себ, пиёз, картошка, сабзӣ, турб, карам биринҷ, Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ равған пешниҳод карда шудааст.

— Лозим ба ёдоварист, ки чунин ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан дар арафаи тамоми ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ баргузор мегардад, ки қадами муҳим барои татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *