«Нурафшо» дар Кӯлоб: Акнун сокинон барои ташхис ба Душанбе намераванд

Дар маҳаллаи Борбад 35-и шаҳри Кӯлоб Маркази ташхисию табобатии «Нурафшо» мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, дар маросими ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии «Нурафшо» Саъдӣ Қодирзода — раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сулаймонзода Акрам Раҳим — муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр Худоёр — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмонон иштирок намудаанд.

Гуфта мешавад, ки маркази мазкур бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Тағоймурод Мирзоев бунёд гардида, дар қатори мутахассисони варзидаи тиб, инчунин 8 нафар ҷавонони кордон баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ соҳиби ҷойи кор шудаанд.

— Маврид ба ёдоварист, ки қаблан сокинони шаҳри Кӯлоб барои ташхис ба шаҳри Душанбе мерафтанд ва инак, баъди ифтитоҳи ин марказ сокинони шаҳру навоҳии минтақа метавонанд аз хизматрасонии он истифода намоянд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.