Дар нимсолаи аввал бонкҳои Тоҷикистон 13,8 млрд қарз доданд
Дар нимсолаи аввали соли 2025 бонкҳои Тоҷикистон ба иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ қарз ба маблағи умумии 13,8 миллиард сомонӣ пешниҳод кардаанд.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳиссаи зиёди ин қарзҳоро қарзҳои истеъмолӣ ташкил медиҳанд.
Фирдавс Толибзода гуфт, ки пешниҳоди қарзҳо бо фоизҳои пасттар низ тамоюли коҳишёбӣ нишон медиҳад.
Ин нишондодҳо дар ҳолест, ки талабот ба қарзҳои истеъмолӣ дар пасманзари афзоиши нархҳо ва болоравии хароҷоти зиндагӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ