Ифтитоҳи корхонаи нави парандапарварӣ дар Пушинг

Имрӯз, 24 октябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара  корхонаи парандапарварӣ ифтитоҳ гардид.

“Корхонаи мазкур бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шудааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Барои парвариш ва  нигоҳдории мурғ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Иқтидори умумии паррандапарварӣ 40 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад.

Масоҳати умумии корхонаи Парандаи Пушинг 23 ҳазору 695 метри мураъббаро ташкил дода, дар он фермаҳои парандапарварӣ, қитъаҳои махсуси нигоҳдорӣ ва коргоҳи хӯроки омехта мавҷуданд. Ҳоло дар фабрикаи истеҳсоли хӯроки паранда асбобу таҷҳизоти муосир насб гардида, истеҳсоли он мутобиқи талаботи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар паҳлуи корхона 165 панели офтобӣ насб гардида, ҳар рӯз 380 кВт/с  неруи барқ истеҳсол мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *