Тартиби нави гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дар Амрико
Вазорати нақлиёти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тартиби нави гирифтани шаҳодатномаи ронандагии мошинҳои тиҷоратии боркаш (CDL)-ро ҷорӣ кард.
Тибқи он танҳо шаҳрвандони ИМА ва шахсоне, ки ҳуҷҷати қонунии иқомат доранд, метавонанд соҳиби чунин шаҳодатнома шаванд.
Қарори мазкур, ки охири моҳи сентябри соли ҷорӣ эълон гардид, боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳазорон муҳоҷири корӣ, аз ҷумла зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ гардидааст.
Дар асоси тартиби нав, танҳо нафароне ҳаққи гирифтани шаҳодатномаи CDL ё тамдиди онро доранд, ки дорои шаҳрвандии Иёлоти Муттаҳида, “Green Card” ё раводиди расмии корӣ бошанд. То қабули ин қарор, бархе аз муҳоҷирон, ки ҳуҷҷатҳои расмии иқомат надоштанд, бо доштани шаҳодатномаи CDL дар ширкатҳои боркашонӣ фаъолият менамуданд.
Гуфта мешавад, ки дар пайи татбиқи ин қарор садҳо муҳоҷири тоҷик ва шаҳрвандони дигар кишварҳои минтақа аз ҷойи кори худ маҳрум шудаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳо ва наворҳое нашр шудаанд, ки дар онҳо ронандагони мошинҳои боркаш аз ҷониби мақомоти назоратӣ боздошт ва санадҳояшон тафтиш мегардад.
Ба иттилои расмӣ, айни ҳол дар Иёлоти Муттаҳида зиёда аз 4 миллион ронандаи касбии мошинҳои боркаш фаъолият доранд, ки миёни онҳо теъдоди зиёди муҳоҷирон аз қитъаҳои Африқо ва Осиё мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ