Дар Русия забони тоҷикӣ меомӯзанд

— Фарзандони тоҷикони муқими Тотористон ба омӯзиши алифбои забони тоҷикӣ шуруъ карданд,- хабар медиҳад Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳукумати ҶТ.

Нахустин дарси забони тоҷикӣ дар Хонаи дӯстии халқҳо бо ибтикори Ҷамъияти тоҷикони Тотористон доир гардидааст.

Хонандагони мактаби якшанбегӣ фарзандони тоҷикони муқим ва муҳоҷирони шаҳри Қазон мебошанд, ки аксари онҳо дар мактабҳои миёнаи русӣ дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекунанд.

Дар доираи ин дарс ба хонандагон дар бораи Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ ва алифбои забони тоҷикӣ маълумот пешниҳод мешавад.

Акнун фарзандони тоҷикони муқим ва муҳоҷирони шаҳри Қазон имкон доранд, ки рӯзҳои якшанбе соати 16:00 дар Хонаи дӯстии халқҳо забони тоҷикӣ омӯзанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.