Дар шаҳри Ар-Риёз имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Имкониятҳои сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон дар доираи як форум дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ муаррифӣ гардид.  

Дар ин форум сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асрорзода Убайдулло Саттор, намояндагони ширкати Каян трэйвл групп бо роҳбарии доктор Абдулазиз Абду, директори Мактаби олии сайёҳӣ ва меҳмондории Арабистони Саудӣ Ғазанфар Алӣ Хан, инчунин намояндагони бахши соҳибкорӣ, молиявӣ дар Арабистони Саудӣ ширкат варзидаанд.

Дар доираи форум аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҳамзамон имкониятҳо ва шароити таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуданд.

Намояндагони сохторҳои сайёҳӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омодасозии муштараки кадрҳо дар самтҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, роҳбаладӣ, пешхизмат ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло сафари кории намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *