Дар шумораи №44-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” бо номи “Сабринаи Назрӣ духтарашро ба мухлисонаш нишон дод” ба саволи хонанда дар мавриди он ки чаро блогер ва ровии шинохта Сабринаи Назрӣ то ба имрӯз чеҳраи тифлаки худро аз чашми мухлисонаш пинҳон нигоҳ медошт, посух дода мешавад.

Дар қисмати дувуми саҳифаи мазкур номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Янгаам хӯрданиҳоро пинҳон мекунад”, “Аламҳои дилам тоза шуд”, “Гуноҳ аз занам буд” мутолиа намуда метавонед.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Муаллимаи шавҳардузд” таҳия гаштааст. Қиссаи мазкур аз нақли ҷавонзане рӯи коғаз омадааст, ки шавҳараш ошкоро бо муаллимаи ҷиянаш ишқварзӣ мекунад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” тақвими намоз барои моҳи ноябр пешкаши хонандагон мегардад. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Ба апаам хиёнат кардам” қиссаи духтаре аст, ки ба дӯстдоштаи апаи худ ошиқ шуда, фарзанди падари худро бадбахт месозад, вале худ низ бахт намебинад.

Боз як қиссаи ҷолибу хонданӣ таҳти унвони “Модари ҷиянам шудам” дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома пешкаши хонандагон ва ҳаводорони қиссаҳои ибратомӯз мегардад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “Аз саҳнаи нави Ташриф то суруди нави Фатҳиддин” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Чеҳра” таҳти унвони “Санъат бе қурбонӣ намешавад” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро оид ба зиндагиву фаъолияти эҷодии сарояндаи маҳбубу шинохта Лола Азизова мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Сулфидани кӯдак нишонаи бемории сил аст?” оид ба роҳи табобат ва пешгирӣ намудани бемории мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *