Дар шумораи №15-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Шавҳарам маро безурёт гуфтааст”, “Занам маро “чумо” карданист”, “Сирри дугонаамро фош кунам?” мутолиа намоед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа хобномаи исломӣ таҳти унвони “Кӯдак дар хоб парӣ аст ё нишонаи боигарӣ?” таҳия гардидааст.

Қиссаи “Аскарбачаи армонӣ” қиссаи ишқи ду навҷавонест, ки ҳамдигарро дӯст медоранду дар дил орзуву умедҳои зиёд мепарваранд. Ҷавон ба хизмати аскарӣ рафта, мехоҳад рисолати фарзандии хешро назди меҳан адо намояд, вале дучори мусибате гардида, ба бистари беморӣ меафтад. Қиссаи мазкур давомдор буда, давомашро ҳафтаи оянда мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” дар суҳбат бо руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо саволу ҷавобҳои диниро оид ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон ва маводи дигареро оид ба бузургӣ ва фазилати шаби Қадр пешниҳоди хонандагони ҳафтанома намудаем.

“Ангушти шашум” зиндагиномаи мардест, ки аз рӯзи аввали зиндагии муштарак аз кору амалҳои номатлуби завҷааш ҷигархун бошад ҳам, ба хотири фарзандон зиндагиро идома додааст. Вақте ки аз маҷбурӣ бо духтари дигаре издивоҷ мекунад, таҳти фишори модари фарзандонаш қарор гирифта, наметавонад ҷавоби зани якумашро диҳад ва умре азоби руҳӣ мекашад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз дарди дили Шон МС то сабабҳои сард шудани муносибати хушдоману келин” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Суҳбати сари роҳ” таҳти унвони “Дар саҳна бо “сапоги” баромад кардам” фишурдаи суҳбати сарояндаи хушсалиқа Таҳмина Ниёзоваро мутолиа намоед.

“Нони шӯ арра дорад?”. Чунин унвон дорад назарпурсии хабарнигори ҳафтанома оид ба сабабҳои сар задани муноқишаҳои оилавӣ ва сард гаштани муносибатҳои келину хушдоман.

Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “5 сабаби сулфидани кӯдак дар фасли баҳор” маводи тиббиро дар боби бемории мазкур ва оид ба пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *