иди Рамазон

Иди Рамазон 21-уми апрел таҷлил мешавад?

Эҳтимол дорад, ки рӯзи ҷумъа, 21-уми апрел иди Рамазон таҷлил шавад. Зеро Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ моҳи Рамазони имсола 29 рӯзро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март оғоз гардид. Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 32 ҳазор сомонӣ, ки аз ин маблағ 800 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.

Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта он даҳаи аввали моҳи апрел оғоз гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *