Масҷиди ҷанҷолӣ. Аз таҳдиди Қодиров то дахолати шаҳрдор
Тарҳи сохтмони масҷиди нав дар наздикии Кӯли Муқаддас дар ноҳияи Косино-Ухтоми пойтахти Русия ҷанҷолӣ шуд. Мухолифон гуфтанд, бунёди ибодатгоҳи мусалмонҳоро дар маҳале ба нақша гирифтаанд, ки барои пайравони мазҳаби православӣ бисёр азиз аст.
Рӯзи якшанбеи гузашта садҳо нафар дар наздикии Кӯли Муқаддас ба зидди сохтмони масҷид эътироз карданд.
Панҷ марди ниқобпӯш аз саҳнаҳои ҷанг низ ба мақомоти Маскав “паём” доданд. Яке аз сарбозон мансабдорони Русияро гунаҳкор кард, ки “ҳуҷҷатҳоро на бо назардошти имон ва манфиати мардум, балки бо андешаи ҷайби худ” имзо мегузоранд.
“Мо намемонем, ки маҳзаби православӣ сарафканда шавад. Бародарону хоҳарон, бо шумо ҳастем”,- афзуд ӯ.
Маргарита Симонян, сардабири оҷонсии давлатии “Russia Today” чанд сол пеш гуфта буд, ки “Русия русӣ бошад”, на ин ки “мусулмонӣ шавад”. Ҳамин раванд ё тамоюл дар саҳифаҳои сершумори “Телеграмм”, ки бо пуштибонии мақомоти Русия фаъол ҳастанд, мушоҳида мешавад.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар як навиштааш дар “Телеграмм” тасдиқ кард, ки тарҳи ибтидоии сохтмони масҷид ҳаст, вале ҳукумат ҳанӯз тасмиме нагирифта.
“Аз Патриарх Кирил ва раиси Идораи мусулмонони Русия Равил Ғайнутдин пешниҳод гирифтам. Ҳарду ба дарёфти ҷойи дигар барои сохтмон муроҷиат кардаанд”,- навишт раиси шаҳр. Вай ҳамчунин овозаҳоро дар бораи гӯё 40 ҳазор метри мураббаъ будани масоҳати масҷид рад кард.
“Сухан дар бораи 2,5 ҳазор метри мураббаъ меравад”,- гуфт ӯ ва афзуд, ки “бо назардошти муроҷиатҳо, ҷойи масҷиди оянда тағйир дода мешавад. Дар наздикии истгоҳи метрои Косино қитъаи замин ҷудо мегардад”.
Мақомоти пойтахти Русия ҳеҷ гоҳ ба эътирозҳо дар робита ба сохтмони масҷид ин қадар шитобкорона вокуниш накарда буданд. Ба назар мерасад, аз як сӯ эътирозу таҳдиди мухолифон ва аз тарафи дигар паёми ҷонибдорони бунёди масҷид ба ин кор сабаб шудааст.
Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон мухолифони сохтмони масҷидро “тарсу ва душманони Русия” номид ва пешниҳод кард, ки “мизони ватандӯстии худро дар майдони ҷанг бисанҷанд”.
Маскав ягона ҷое нест, ки ба зидди бунёди масҷид эътироз мекунанд. Сокинони Қазон низ бо талаби ба ҷойи дигар кӯчонидани сохтмони масҷиди ҷомеъ имзо ҷамъ меоранд. Талаб доранд, ки замини масҷидро ба онҳо баргардонанд ва боқимондаи ҷангалро ҳифз кунанд.
Ба гуфтаи сархатиби масҷиди ҷомеи Маскав Илдар Аляутдинов, дар Маскав камаш ду миллион мусалмон кору зиндагӣ мекунанд, вале ба онҳо чаҳор масҷид рост меояд (ба ин муҳоҷирони мусулмон, ки ба гуфтааш, то 1,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд, дохил нестанд). Айни замон танҳо дар шаҳри Уфа, ки тақрибан 500 ҳазор православӣ ҳаст, 36 калисо (барои 13900 православӣ як калисо) ва дар Қазон, ки зиёда аз 600 ҳазор православӣ ҳаст, 47 калисо ва ибодатгоҳ сохтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ