Дар Тоҷикистон Чемпионати АФОМ миёни 20-солаҳо идома дорад
Мавсими чоруми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ-CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода оғоз шуд.
Дар даври аввал дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода дастаи мунтахаби Ўзбекистон бо ҳисоби 3:2 тими Эронро шикаст дод.
Дар вохўрии дигар дар варзишгоҳи КМВА-и пойтахт футболбозони афғон бар тими миллии Туркманистон пирўз (2:1) шуданд.
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар нахустин бозии худ дар ин мусобиқа бо тими Афғонистон мусовӣ — 1:1 кард. Ҳисобро дар дақиқаи 28-ум ҳамлагари дастаи мо Масрур Ғафуров кушод. Дар оғози қисми дуюм Амин Ҳамаюн таносубро барқарор кард.
Дар вохўрии дигар дастаи ҷавонони Ўзбекистон бар тими Туркманистон ғалаба (9:2) кард. Аз ҳайати мунтахаби Ўзбекистон Абдуғафур Ҳайдаров пента-трикро ба номаш сабт кард. Бозиҳои даври сеюм дирўз баргузор шуданд. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бо тими миллии ҷавонони Туркманистон бозӣ кард. Дар баробари ин, дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе дастаҳои Эрон ва Афғонистон бозӣ карданд, ки аз натиҷаи ин бозиҳо дар шумораҳои оянда маълумот хоҳем дод.
Шарҳ