Дар Тоҷикистон борони пуршиддат ва селу тармафароӣ пешбинӣ шудааст

Рӯзҳои охир дар қаламрави Тоҷикистон боришоти зиёди борону барф ва омадани селу тарма пешбинӣ шудааст. Бино бар иттиллои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар кишвар ба далели ноустувории обуҳаво хатари фаромадани селу тарма боқӣ мемонад.

«Дар қаламрави Тоҷикистон рӯзҳои 23 ва 24 март ҳавои ноустувор дар назар дошта шуда, дар баъзе ҷойҳо боришот, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо боридани борону барф дар назар аст», — мегӯянд ҳавошиносон.

Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво рӯзона 10-15 дараҷа паст шавад.

Агентии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду ВМКБ, инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва водии вилояти Хатлон хавфи сар задани сел боқӣ мемонад.

Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо роҳҳои мошингарди Душанбе — Лахш, Душанбе — Кӯлоб, Душанбе — Варзоб ва Айнӣ – Панҷакент  хатарнок арзёбӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Яхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, якбора баланд шудани сатҳи об дар назар аст.

Дар робита ба ин, тавсия дода шудааст, ки сокинон то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳҳо, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд. Ронандагон пеш аз гузаштан аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ аз вазъияти роҳҳо бохабар шуда, мошинҳоро бодиққат барои ҳаракат омода кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *